Пас аз соҳиб шудан ба ваколати намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ман кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ба ҷараёни таҳияи қонунҳо ворид гардам, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, вакили тозаинтихоби парлумон Сӯҳроб Шарифов.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамчун вакил ба фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парлумон шомил мегардад. «Мавқеи ман нисбат ба қарорҳое, ки дар мақомоти қонунгузории кишвар қабул мегарданд, дар ҷараёни ду-се ҷаласаи палатаи поёнии парлумон муайян хоҳад шуд», - гуфт вай.
«Сарфи назар аз мавқеъ, ман ба ҳамаи интихобкунандагони ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур №3, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзиданд, изҳори миннатдорӣ менамоям ва кӯшиш мекунам, ки ба боварии онҳо сазовор бошам», - зикр кард вакили тозаинтихоб.
Ғайр аз ин, барои зоҳир сохтани фарҳанги сиёсӣ ва риояи рақобати боадолати сиёсӣ ӯ ба ҳарифони худ низ миннатдорӣ изҳор кард.
Аз рӯйи натоиҷи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов пирӯз гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста