Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ
Имрўз равобити ҳасанаи мардуму кишварҳои мо дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ қарор гирифтаанд.
Дар иртибот ба санаи муборак дар таърихи навтарини муносиботи Тоҷикистону Эрон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ - бо камоли мамнуният Шуморо сидқан табрику таҳният мегўям.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое мебошад, ки дар оғози бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавони моро эътироф намуд.
Пас аз соҳибихтиёр гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дўсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурўъ намуданд.
Роҳи бистсолаи дар ин самт паймуда ҳақиқатеро таъийд менамояд, ки ду кишвар шарикони табии бо муштаракоти фаровони таърихӣ мебошанд ва тамоми имконоту воситаҳои мавҷударо барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории муфиду фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолият сафарбар кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз он ҳам қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар марҳалаи нави муносибатҳои амалии бунёдӣ оғоз гардидааст. Нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баландро касб кардаанд, суръати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар бахшҳои энержӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мебошад.
Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дўстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгў ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб маҳсуб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.
Итминони комил дорам, ки мо бо саъю кўшишҳои якҷоя, дар асоси дастовардҳои бист соли гузашта, метавонем ҳамшарикии судманди кишварҳоямонро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи мардумонамонро ба зинаҳои олӣ бирасонем.
Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсту бародари Эрон - саодату хушрўзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста