Зимни ибрози назар бобати даъвати президент оид ба хотима бахшидан ба хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ ба президент аз ҷониби мансабдорони давлатӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, водор кардани мансабдорон ба даст кашидан аз ин амал қариб ғайриимкон аст, зеро муддати 20 соли ахир ба онҳо ҳамин аммалро талқин карданд.
М.Ҳайит ҳамчунин зикр кард, ки зимни мушоҳидаи як зумра мансабдорон дар кори хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ба ҷуз хушомадгӯйӣ, аз дасти онҳо дигар коре намеояд.
«Мо борҳо шоҳиди супоришҳои ба ин монанди Эмомалӣ Раҳмон гардидем, вале мутаассифона, пас аз ин супоришҳо хушомадгӯйиву тамаллуқкории мансабдорон нисбати сарвари давлат боз ҳам бештар авҷ мегирифт», - гуфт вай.
Ба андешаи ӯ, агар нигаронии ахири сарвари давлат самимӣ бошад, ӯ метавонад хушомадгӯйиву тамаллуқкориро дар сафари аввалини худ ба минтақаҳо аз байн барад.
Ба ақидаи Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хушомадгӯйиву тамаллуқкории мансабдорон ниёз надорад.
У. Солеҳов бар ин назар аст, ки бидуни хушомадгӯйии мансабдорон ҳам, мардум аз хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба хубӣ огаҳ аст. «Мебояд гуфт, ки менталитети мардуми Шарқ тамоили хушомадгӯйӣ ба мансабдорони сатҳи олии давлатиро доро аст, вале мутаассифона, он баъзан аз ҳадд мегузарад», - гуфт намояндаи ҲХДТ.
Номбурда ҳамчунин мутмаин аст, ки огаҳии сарвари давлат нисбат ба чанде аз мансабдорон оид ба ин масъала ҳатман ба инобат гирифта хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста