Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Низор бин Убайд Маданӣ мулоқот кард.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ҳамкорӣ, табодули назар карданд.
Мусоҳибон аз кори омодагӣ ва ҳамоҳангсозии як қатор созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин перомуни манзури онҳо ба расмиёти имзогузорӣ дар шакли муносиб ҳавасмандӣ иброз карданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот рӯйдодҳои дар олами араб баамаломада ва дурнамои ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. Дар ин робита, ҷонибҳо аҳамияти талошҳои ба бозсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон нигаронидашударо қайд сохтанд. Нақши бузурги кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар ин масъала махсус таъкид карда шуд. Дар ин росто, Вазири давлатӣ аҳамияти Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тазаккур дода, барои даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори он арзи сипос гуфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста