- Тоҷикистон ҷонибдори гуфтушуниди мусолиматомез оид ба ҳалли барномаи ҳастаии Эрон аст ва минбаъд низ чунин мавқеъро пайгирӣ хоҳад кард, - гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов.
Дар идома ӯ гуфт, агар фарзияҳои бархе аз коршиносон дар бораи оғози амалҳои низомии ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ба воқеият табдил ёбанд, пас ин иштибоҳи фоҷеаборе хоҳад буд.
Дар робита ба таҳримҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавриди даст кашидан аз маҳсулоти нафтии Эрон, дипломати тоҷик изҳор кард, ки аз чунин таҳримот пеш аз ҳама ба мардуми одӣ - ҳам ба эрониёну ҳам ба шаҳрванони кишварҳои Аврупо мушкил эҷод мегардад, зеро кор кам шуда, сатҳи даромад низ коҳиш меёбад.
«Иттиҳоди Аврупо аз ҳаҷми умумии нафти Эрон тақрибан 20 дарсадашро дастрас мекард ва ман мутмаинам, ки базудӣ миёни кишварҳои Осиё харидори нафти Эрон пайдо хоҳад шуд», - таъкид кард Зоҳидов.
Дар посух ба саволи журналистон перомуни имкониаз ҷониби Тоҷикистон харидорӣ кардани нафти Эрон, номбурда гуфт, миёни Тоҷикистону Эрон қубур (лӯла)-и газӣ вуҷуд надорад ва дар дохили Тоҷикистон шумори корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ ангуштшуморанд.
«Агар мо нафти Эронро харида, онро дар кишвари сеюм коркард намоем, маҳсулоти ҳосилшуда хеле гарон мешавад», - афзуд муовини вазири корҳои хориҷӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста