Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон (RECCA-V) ва Наврўзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ин чорабиниҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбута, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар иштирок намуданд.
Доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ, ки имсол дар даҳаи сеюми моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва Муовини сарвазири кишвар Рўқия Қурбонова гузориш доданд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, намояндагони 40 давлат ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ низ иштироки роҳбарони як қатор давлатҳои ҷашнгирандаи ин иди бостонӣ ва намояндагони воломақом ва аҳли илму фарҳанг аз кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон дар назар аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба омода кардани нақшаю барномаҳои ин чорабиниҳои байналмилалӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтани соли нави аҷдодӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки корҳои ободонию кабудизоркунӣ, бунёди боғу гулгаштҳои зебо, тозаю озода кардани ҳар хона ва кўчаю хиёбонҳо, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, озмунҳои гуногуни ҳунармандони мардумӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҳар деҳаю ҷамоат вусъат дода шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста