Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафирони фавқулода ва мухтори Ветнам – Ле Ман Луан, Италия – Риккардо Манара, Литва – Рокас Бернотас ва Словакия – Юрай Сивачек, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади супоридани эътимодномаҳои худ ба Президенти Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафирон ба Вазири корҳои хориҷӣ нусхаҳои эътимодномаҳои худро супориданд ва сипас музокиротҳои кӯтоҳ барпо гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо бо сафирон, Вазири корҳои хориҷӣ бинобар ба вазифаҳои зикргардида таъин шуданашон табрику таҳният гуфта, изҳори умедворӣ аз рушди муносибот байни кишварҳо кард. Дар баробари муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ шуд. Мусоҳибон барпо намудани чорабиниҳоро бахшида ба ҷашнгирии 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ қайд сохт, ки новобаста аз сатҳи хуби муносибот миёни кишварҳо, иқтидору имкониятҳои мо имкон медиҳанд, ки муносибатҳои мавҷударо хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо боз ҳам вусъат диҳем.
Бо ин мақсад, Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи сафиронро ба зарурати бунёд ва таҳкими пойдевори шартномавӣ-ҳуқуқӣ, барпо кардани робитаҳо байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, истифода бурдани имкониятҳо барои рушди сармояҳо ва савдои муштарак ҷалб намуд.
Дар анҷоми мулоқот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафирон дар иҷрои вазифа ва пешбурди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо муваффақият таманно кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста