Таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҷаласаи васеи раёсати ҳизб доир гардид, ки дар он роҳбарони шӯъбаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти ҳизб дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаву вазифаҳо барои соли соли равон муайян карда шуданд.
«Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Соли гузашта сафи ҲХДТ 25 ҳазор нафар зиёд шуд», - иброз дошт Солеҳов.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон шумори аъзои ҲХДТ 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста