Ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии устод Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари хеш ба Арабистони Саудӣ аз шаҳрҳои Маккаи Мукаррама, Ҷидда ва Ар-Риёз боздид намуд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар шаҳри Макка пас аз анҷоми маросими Умра, вохурии самимонае бо донишҷуёни тоҷики муқими ин шаҳр баргузор гашт, ки Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ ва Муовини аввали Ӯ Сайидумар Ҳусайнӣ ба саволҳои сершумори ҳамватанон атрофи масоили гуногуни кишвар ва ҷаҳон ҷавоб гуфтанд ва табодули назарҳо сурат гирифт.
Инчунин, рузи 27-уми январи соли ҷорӣ ҳайати ҲНИТ ба шаҳри Ар-Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ сафар намуд, ки онро шумори зиёде аз ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд. Ҳайат вохӯриҳои худро аз боздиди сафорати Тоҷикистон дар Ар-Риёз шуруъ намуда, баъдан бо иддае аз намояндагони муассисаҳои расмӣ ва ғайридавлатии ин кишвар дидору суҳбатҳо анҷом шуд.
Аз ҷумла, дар қароргоҳи марказии Ассамблеяи байналмилалии ҷавонони мусалмон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо Дабири кулли ин созмон, доктор Солеҳ Ал-Вуҳайбӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот раиси ҲНИТ аз ҳамкориҳои судманди ин созмон бо Тоҷикистон ва мардуми тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвияти ин гуна ҳамкориҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз раиси ҲНИТ бо Дабири кулли Маҷлиси олӣ дар умури исломӣ, доктор Солеҳ ибни Ҳусайн ал-Ъоид дар Вазорати авқоф ва умури исломии мамлакати Арабистони Саудӣ вохурӣ анҷом дод. Тарафҳо манфиатдории худро барои пешгирӣ аз ҳамагуна зуҳуроти манфии марбут ба дин изҳор намуда, роҳи аз ҳама муассирро дар ҷалби ҷавонон ба андешаҳои муосир ва муътадили мазҳабӣ донистанд. Раиси ҲНИТ аз таҷрибаи мусбати кишвари мо дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мизбон маълумот дода, нақши сулҳ ва оштии миллиро дар расидан ба чунин дастовард калидӣ хонд.
Пешниҳод шуд, ки Арабистони Саудӣ бо ворид намудани сармояи бештар ба лоиҳаҳои иқтисодӣ ва истеҳсолии Тоҷикистон саҳми худро дар эҷоди ҷойҳои кори нав барои ҷавонони тоҷик бигузорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста