Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан ба вилояти Суғд ташриф овард.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан бо муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қайюмов доир гашт.
Мубинҷон Қайюмов ҷаноби Ле Ман Луанро ба сарзамини Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, дар бораи вилояти Суғд, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят маълумоти муфассал дод.
Мубинҷон Қайюмов қайд намуд, ки дар вилоят якчанд коргоҳҳои саноатӣ амал мекунанд. Аз ҷумла корхонаҳои муштарак бо мамолики Италия, Эрон, Чин, Туркия, Руссия ва дигар кишварҳо фаъолият мебаранд.
Дар соҳаи кишоварзӣ ба рушди соҳаи пахтакорӣ эътибори ҷиддӣ равона гардида, роҳбарияти вилоят кӯшиш дорад, ки бевосита дар ҳудуди навоҳии пахтакор корхонаҳои коркарди пахта бунёд намуда, коркарди ин ашёи гаронбаҳо дар вилоят равнак дода мешавад.
Ҳамчунин Мубинҷон Қайюмов зикр кард, ки бо Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҳамкориҳо дар соҳаи абрешимчигӣ ба роҳ монда шуда, чанд сол инҷониб дар вилоят корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Силк» фаъолият дорад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ветнам Ле Ман Луан барои пазироии хуб дар сарзамини меҳмоннавози вилояти Суғд арзи сипос намуда, нақши вилоятро дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.
Ӯ ният дорад минбаъд ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли абрешим равнақ бахшида, дар соҳаи моҳипарварӣ низ ба роҳ монад.
Дар охир Ле Ман Луан роҳбарияти вилоятро ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таклиф намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста