Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Маъмурияти давлатии Киев Александр Попов баргузор шуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон тазаккур дод, ки фаъолияти муштарак бо зерсохторҳо ва муассисаҳои пойтахти Украина ба таври назаррас фаъол шудааст, робитаҳо бо донишгоҳҳо, созмонҳои гуманитарӣ ва фарҳангии шаҳр рушд меёбанд, бо дастгирии онҳо ансамбли кӯдаконаи “Наврӯз” бунёд гардид, кор бо диаспораи тоҷик дар ш. Киев мунтазам идома меёбад, гузаронидани як қатор чорабиниҳои муштарак дар нақша аст.
Ҳамзамон, Ш. Султонов аҳамияти хоссаи татбиқи мувофиқаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина (декабри 2011) бадастомада, аз ҷумла оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, ба роҳ мондани робитаҳои истеҳсолӣ ва омодасозии мутахассисонро таъкид сохт. Дипломати тоҷик таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбати худро ба ҳалли масъалаи ҷудо намудани бинои муносиб ба Намояндагии Тоҷикистон барои дар он созмон додани Маркази фарҳанги тоҷик ҷалб кард.
Дар навбати худ, Роҳбари шаҳри Киев Александр Попов ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуда, иттилоъ дод, ки ба мақомоти марбута баҳри баррасии масъалаҳои зимни мулоқот муҳокимашуда дастуру супоришҳои иловагӣ дода мешаванд.
Ҳамчунин дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Украина Дмитрий Табачник доир гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла роҳҳои рушди ҳамдастӣ дар самти омодасозии мутахассисон, ба роҳ мондани иртибот байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Украина муҳокима шуданд.
Ш. Султонов ба аҳамияти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи иқтисоди Тоҷикистон ва, пеш аз ҳама, барои соҳаи рушдёбандаи энергетикаи кишвар ҷалб намуд. Бо дарназардошти ин, дипломати тоҷик масъалаи тезонидани ифтитоҳи бахши Донишгоҳи миллии техникӣ “Донишкадаи политехникии Харков”-ро матраҳ кард.
Бо мақсади ҳалли минбаъдаи ин масъала Сафири Тоҷикистон ният дорад дар рӯзҳои наздик бо роҳбарияти Донишгоҳи миллии техникӣ “Донишкадаи политехникии Харков” мулоқот намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста