Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аълоҳазрат амир Абдулазиз ибни Абдулло ибни Абдулазиз Ал Сауд доир гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ табодули назар карданд.
Омодагӣ ба имзо расонидани як қатор санадҳои дуҷониба, ки дар навбати худ нуктаи муҳиме дар масъалаи созмондиҳии мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар сатҳи болотар мебошад, қайд гардид.
Сафири тоҷик А. Юлдошев ба Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ даъватномаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистонро ба номи Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (26-27 марти соли 2012, Душанбе) тақдим намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста