Ба конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, намояндагони 40 кишари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукоти конфронс, ба рӯйхати даъватшудагон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Озарбойҷон, Австралия, Афғонистон, Белгия, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳолланд, Гурҷистон, Дания, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Иордания, Ироқ, Эрон, Ирландия, Қазоқистон, Канада, Қатар, Қирғизистон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Қувайт, Малайзия, Норвегия, АМА, Уммон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Сингапур, ИМА, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, Фаронса, Шветсия ва Ҷопон шомиланд.
Ғайр аз ин ба унвони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, аз қабили Дабири кулли СММ, САҲА, роҳбарони Созмони ҷаҳонии савдо, Бонки осиёгии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, ЮНЕСКО, Созмони ҳамкории Шанхай, Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ва чанде дигарон даъватномаҳои расмӣ фиристода шудаанд.
«То ба имрӯз беш аз 50 нафар даъватшудагон иштироки худ дар кори конфронсро тасдиқ намуданд», - гуфтанд дар Кумитаи тадоруот, вале аз ифшои ному мансаби онҳо худдорӣ варзиданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан иштирок дар кори конфронсро сарони кишварҳои Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Алӣ Осиф Зардорӣ тасдиқ карданд.
Дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста