Фазои сиёсии якқутбӣ, ки ахиран дар кишвари мо ҳукмрон шудааст, ба эҷоди буҳронҳо дар ҷомеа замина фароҳам меоварад. Дар ин бора зимни суханронӣ дар кори конфронс бахшида ба ёдбуди муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳори назар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ руҳонии маъруф ва сиёсатмадори варзида Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зикр кардааст, ки имрӯз дар узвияти ҲНИТ қарор доштан мояи ифтихор ва масъулият аст. Ӯ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овардааст, ки сарфи назар аз фишори мавҷуда ба онҳо, таҳаммулпазириро пеша намоянд.
Дар конфронси ёдбуд ҳамчунин аъзои саршиноси ҳизб, рӯҳониёни маъруф, сиёсатшиносон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Сӯҳроб Шарифов ва намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста