Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳамдигарро ба ифтихори 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Русия зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Федератсияи Русия - шарики стратегиро қадр карда, ин муносибатҳо дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлат мақоми хоса доранд.
«Хурсандибахш аст, ки тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамкории байни кишварҳоямон суръати рушди мусбӣ дошта ва он пайваста бо рушду густариши хушсифат дар ҳамаи мавқеъҳои асосии ҳамкорӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба сурат мегирифт. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия аслан ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, ки манфиатҳояшон дар онҳо мушабеҳи якдигар буда ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд, - омадааст дар барқия. - Муносибатҳои имрӯзаи мамлакатҳои мо, ки дар принсипҳои баробарӣ, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар, ёрии ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд, дар қиёси сиёсӣ, дар бахши иқтисодиёт, амният, дар соҳаи гуманитарӣ ва аз рӯи бисёр самтҳои дигари равобити амалӣ муттасил рушду густариш меёбанд».
Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон қайд мегардад, ки бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ санаи фархундаи таърихи навтарини муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад ва он дар айни ҳол сабабе барои дарк намудани дурнамои ҳамкории мутақобилан муфид ва роҳҳои пешравии минбаъдаи он мегардад.
«Марому манфиати самимонаамонро дар амри бо мазмуни нав пурра гардонидани ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории ду кишвар тасдиқ намуда, изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо нерӯи мавҷудаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия такя намуда, бо саъю кӯшишҳои муштарак ба қуллаҳои нави рушди он ба нафъи халқҳоямон мерасем», - гуфтааст дар барқияи худ Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳамтои русиягии худ аз самими қалб тансиҳатии бардавом ва натиҷаҳои нави самарабахш дар фаъолияти минбаъдааш ва ба ҳамаи халқи Русияи дӯст сулҳ ва беҳбудию шукуфоиро таманно кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар барқияи ҷавобӣ ба президенти Тоҷикистон сарвари давлати Русия Дмитрий Медведев зикр кардааст, ки «тайи солҳои гузашта бо саъю кӯшишҳои якҷоя ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки дар анъанаҳои бисёрсолаи дӯстӣ қарор дорад, ба сатҳи сифатан нав бардорем».
«Россия ва Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратиро пайваста таҳким бахшида, ҳамоҳангсозиро дар масъалаҳои муқобилат ба хавфу таҳдидҳои нав роҳандозӣ менамоянд, - таъкид мегардад дар барқия. - Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста