Дар шаҳраки дипломатии Душанбе, ки он ҷо аллакай сафоратхонаҳои Русия, Олмон ва Афғонистон қарор доранд, оянда бинои сафорати Эрон низ қомат меафрозад.
Маросими хишти аввал гузоштан ба таҳкурии бино рӯзи душанбе, 16-уми апрел доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бинои чаҳорошёнаи сафорат майдони ҳазор метри мураббаъро фаро хоҳад гирифт. Қитъаи замин аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷудо карда шудааст.
Тибқи лоиҳа, дар рӯ ба рӯи бинои сафорат иншооти меъморие бунёд хоҳад шуд, ки таҷассумгари дӯстии се халқи форсзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон хоҳад буд.
Бино ба маълумоти сафорат, сохтмон аз ҷониби ширкати эронии «Меҳробод» анҷом дода шуда, аллакай баъди як сол, баҳори соли 2013 ба бинои нав кӯчидани кормандони сафорат ба нақша гирифта шудааст. Айни замон бинои сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар маркази пойтахт, дар яке аз иморатҳои қадима бо суроғаи кӯчаи Бохтар, 18 воқеъ аст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон 9-уми январи соли 1992 роҳандозӣ шуда, худи ҳамон сол Эрон нахустин шуда дар Тоҷикистони соҳибистиқлол намояндагии дипломатии худро боз намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста