Вакили Парлумони Аврупо дар муроҷиати худ ба мақомоти раҳбарии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки аз иттилоот оид ба идомаи шиддатҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ғамгин аст.
«Ин ду миллати хуб дар Осиёи Марказӣ бо одамони бағояту олиҳиммат ба сулҳ ва субот ҷидду ҷаҳд доранд. Аҳолии камбизоати ин ду кишвар барои пеш бурдани зиндагӣ, ки бо тезутундшавии робитаҳо миёни ду давлат, бастани роҳи оҳан, қатъ гардидани газ ва буридани хатти интиқоли барқ мушкил шудааст, мубориза бурда истодаанд», - гуфтааст вай.
Ба андешаи ӯ, чунин масъалаҳо ҳаёти шахсони оддиро боз ҳам мушкил мегардонад. «Ғайр аз ин чунин масъалаҳо ба иқтисодиёти ду кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Беҳтар гардидани муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба робитаҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки он ба баландшавии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ду кишвар мусоидат менамояд. Ба назарам сиёсати ғайрисозандаи робитаҳо байни давлатҳо ба нокомӣ меорад», - омадааст дар муроҷиатномаи вакил.
Номбурда гуфтааст, айбдор намудани Тоҷикистон дар сохтмони НОБ-и Роғун дар дарёи Вахш барои Ӯзбекистон баҳонаи сарчашмаи низоъ шуда наметавонад.
Ба қавли Стивенсон, гидроэнергетика сарчашмаи нерӯи тоза ва бехатар буда, рушди минбаъдаи он ба манфиати кишварҳои ҳавзаи Арал, аз ҷумла Афғонистон мебошад.
«Оқилона мешуд, агар роҳбарияти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон якҷоя ҷамъ меомаданд ва ихтилофҳоро бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл менамуданд ва сипас аз натиҷаи он даромади барзиёд ба манфиати ду кишвар баҳрабардорӣ менамуданд. Ман хушҳол мешудам, ки дар чунин вохӯрӣ дар қаламравӣ бетараф дар Парлумони Аврупо ба сифати миёнарав баромад намоям», - афзудааст С.Стивенсон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста