Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт.
Таврен аз хадамоти матбуцоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.
«Мо Белгияро яке аз шарикони муҳими худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем”, - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс густариши муносиботро бо Тоҷикистон бисёр муҳим номида, аз номи Ҳукумати кишвараш аз Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Брюсел бо сафари расмӣ ташриф барад.
Ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар Брюсел ба имзо расида буданд, зоҳир карда шуд.
Ташкил ва густариши ҳамкории васеи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб номида шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста