Ақидаи роиҷ дар бораи он, ки гӯё мунтазам ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ» ворид сохтани тағйирот гувоҳи ба таври бояду шояд таҳия нашудани он аст, асоси воқеӣ надорад, - изҳор кард раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов.
Номбурда бар ин назар аст, ки таҷрибаи тасҳеҳи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар дар шароити ба таҷдиди ҷиддии иқтидорҳои саноатӣ даст задани ҳукумат танҳо ба рушди иқтисод мусоидат намуда, тасҳеҳи тез-тези қонун дар бораи буҷети давлатӣ амри маъмул аст.
«Масалан, ҳамчун вакил ман пурра ҷонибдори тағйироте дар буҷет будам, ки масолеҳи сохтмон ва таҷҳизоти воридотиро барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон аз андозу боҷи гумрукӣ озод кард, зеро ба маҳсулоти ин корхона бахшҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ зарурат доранд. Ғайр аз ин, озод шудан аз андозҳо қимати маҳсулотро поин оварда, он рақобатпазир хоҳад буд», - гуфт вакил.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кард, ки зимни озод кардан аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ, вакилонро мебояд дақиқан биомӯзанд, ки ин ҷо манфиати кӣ ҳимоя мешавад. «Агар чунин пешниҳодот ба манфиати гурӯҳи мафиозӣ сурат гирифта бошанд ё як муомилоти коррупсионӣ бошанд, пас аз он ҳеҷ фоидае нест», - иброз дошт вай.
Қобили зикр аст, ки паоҳ, 11-уми май, дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар масъалаи ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» низ баррасӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста