Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари кушода шудани Консулгарии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар саҳифаи интернетии ББС, аз 8 майи соли 2012, зери унвони “Қодири Қосим: Дар Бадахшон консулгарии Чин боз мешавад” ба табъ расида, баъдан дар дигар хабаргузориҳо пахш шуд, беасос мешуморад.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мувофиқи қоидаҳои қабулгашта, ифтитоҳи консулгариҳои дигар давлат дар шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои мутақобила ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин боиси тазаккур аст, ки ҷониби Чин оид ба кушодани консулгарии худ дар ВМКБ муроҷиат накардааст.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти вохӯрӣ бо тоҷирони бадахшонӣ раиси ВМКБ Қодири Қосим арз намуд, ки барои сабук кардани рафтуомади тоҷирон ба Чин роҳбарияти вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол намудааст. Дар он хоҳиш шудааст, ки барои сабук кардани мушкили тоҷирон дар гирифтани раводид барои сафар ба Чин чорае андешида шавад.
Зикр гардид, ки ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста