Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times мусоҳибаи хосса анҷом дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷалла бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас карда мешавад. Маҷаллаи мазкур, ҳамчунин ба шакли электронӣ дар сомонаи www.european-times.com нашр мегардад. Ҳар шумораи он ба як кишвари алоҳида бахшида шуда, имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва дигар афзалиятҳои онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва захираҳои фаровони табиию башарии кишварро ба онҳо бевосита муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт низ барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз»-ро пеша кардааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times тайи се моҳ бо сохторҳои гуногуни давлатию хусусӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз тамоми минтақаҳои кишвар барои як шумораи ин нашрия маводи зарурӣ гирдоварӣ менамояд. Дар ин шумора натанҳо имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, захираҳои фаровони табиӣ, балки зебоиҳои табиати биҳиштосо ва фарҳанги пурғановати Тоҷикистон инъикос хоҳад ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста