Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин дар конҳои тиллою мис ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард.
Дар майдони Мардумии Шанхан зимни як маросими тантанавӣ мири он Се Хайбо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон намуда, ба ӯ «Калиди тиллоӣ»-и он ва дипломи шаҳрвандии фахриро тақдим намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон барои қадршиносии баланд ба роҳбарият ва сокинони шаҳри Шанхан арзи сипос карда, изҳор дошт: «эҳсоси ҳусни ҳамҷавориву дӯстии байни халқҳои мо аз қаъри таърих – замони Роҳи Бузурги Абрешим маншаъ мегирад, аз ин рӯ решаҳои дӯстии мо пурқувватанд».
«Дар асри бисту як мо якҷоя бо Чин масоили рушди муштаракро ҳаллу фасл мекунем, дӯстии деринаро таҳким мебахшем ва ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Аз шаҳри Шанхан Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф овард.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд.
Соли 2011 корхонаи Зарафшон 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст.
Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи Зарафшон бояд ба 5 тонна расонда мешавад.
Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста