Дар маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар тамоми бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз нимаи моҳи май оғоз гардида, то ахири моҳи июн идома меёбанд, гурӯҳҳои табблиғотии зудамал таъсис дода мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, ба ҳайати ин гурӯҳҳо собиқадорон, фаъолони ҳизб, адибону шоирон ва ҳунарпешагони маъруфи ҷумҳурӣ шомил мешаванд.
«Вазифаи аслии ин гурӯҳҳо таблиғи афкори ҲХДТ, таблиғи арзанда будани номзади ҳизб дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 мебошад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, У.Солеҳов зикр кард, ки ба пешбарии номзади ҳизб ба маъракаи интихоботи президентӣ танҳо анҷумани ҳизб ҳуқуқ дорад. «Вале ман мӯътақидам, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2013 президенти амалкунандаи ҶТ, роҳбари ҳизби мо Эмомалӣ Раҳмон номзади шоиставу арзанда хоҳад буд», - афзуд номбурда.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста