Дар шаҳри Душанбе бо пуштибонии Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) курси таълимӣ дар мавзӯи «Идоракунии раванди интихобот» барои кормандон ва аъзои комиссияҳои Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), аз ҷумла намояндагони 8 ҳизби сиёсии сабтиномшуда ба анҷом расид.
Тавре дар иттилоияи намояндагии САҲА хабар дода мешавад, раиси Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафир Ивар Викки аҳамияти идома додани кор дар самти матраҳсозии ойинҳои интихоботиро таъкид намуд, ки он яке аз тавсияҳои Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА маҳсуб меёбад. Тавсияҳои мазкур пас аз анҷоми мушоҳидаи раванди интихоботи парлумонии соли 2010 матраҳ гардиданд. «То интихоботи раиси ҷумҳур, ки соли оянда багузор мегардад, вақт ҳаст ва барои ман ин ҳамкории созанда ба хотири беҳбуд бахшидан ба раванди интихобот дар Тоҷикистон қобили таҳсин аст», - иброз намуд Сафир Ивар Викки.
Курси таълимии мазкур ба хотири қонеъ гардонидани ниёзҳои КМИР аз ҷониби коршиноси қонуни байналмиллалии интихобот матраҳ гардидааст. Коршиноси қонуни байналмиллалии интихобот бо КМИР аз моҳи март то ин дам ҳамкорӣ менамояд.
Раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён зимни суханронии худ дар поёни курси таълимӣ ниёз ба идома бахшидани омӯзишро барои аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва ноҳиявӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳури таъкид намуда ва дар мавриди нақшахо барои таълим додани тамоми аъзои комиссияҳои интихоботӣ то фарорасии интихоботи раиси ҷумҳур дар соли 2013 тавзеҳ дод. «Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо дастгирии коршиноси байналмиллалӣ ойинҳои (тартиботи) муфассалтар ва возеҳтарро барои аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва ноҳияви матраҳ намудааст. Илова бар ин, тартибот дар мавриди шикоят ва даъвоҳо омода гардидаанд. Ҳоло мо бо матраҳ сохтани ойинҳо дар мавриди овоздиҳӣ дар берун аз кишвар машғул ҳастем», - иброз намуд ҷаноби Шоҳиён.
Коршиноси САҲА ва собиқ муовини раиси Кумитаи марказии интихоботи Молдова Рената Лапти чунин изҳор дошт: «Курси таълимӣ принсипҳои идоракунии раванди интихобот, системаҳои интихобот, давраи интихобот, рушди ниҳодҳои идоракуни раванди интихобот ва стандартҳои байналмиллалии раванди интихоботро дар маҷмӯъ дарбар мегирад. Ин курс дар ҷавоб ба дархости КМИР ташкил шуда ва ба хотири таҳкими зарфияти кормандони КМИР баргузор гардид».



Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста