Субҳи имрӯз кори ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани сарони давлатҳои нозир, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию ҷаҳонӣ идома ёфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарони давлатҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао истиқбол гирифта, ба макони аксбардории муштарак даъват намуд.
Тавре зикр гардид, мавзӯъҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақавӣ дар ин ҳамоиш мақоми марказӣ доранд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, аз ҷумла изҳор дошт, ки кишвари ӯ барои дастгирии рушди босуботи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими амну субот дар минтақа бори дигар дар ҳаҷми 10 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ ҷудо менамояд.
Сарвари давлати Тоҷикистон лоиҳаи Самтҳои асосии стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуҳлатро дастгирӣ намуда, аҳамияти онро барои таҳкими минбаъдаи ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуд.
«Мо «хонаи СҲШ»-ро, ки бо талошҳои муштарак сохтаем, бояд хуб ҳифз намоем, кӯшиш кунем, ки ҳар як узви ин оилаи бузург худро дар он бехатар эҳсос намояд», - таъкид дошт Президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қабули Барномаи нави сесолаи мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷудоихоҳӣ ва дигар санадҳои муҳими пешниҳодшударо дастгирӣ намуд.
Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои 10 санади нави ҳамкорӣ ва изҳороти матбуотии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, ки аз номи сарони ҳамаи давлатҳои аъзо сухан гуфт, ба поён расид.
Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба Афғонистон мақоми нозири созмон ва ба Туркия шарики он доир ба муколама дода шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар қатори 6 кишвари аъзо – Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар ин созмон, ҳамчунин Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон дорои мақоми нозир буда, Беларусу Шриланка шарикони гуфтугӯ ба шумор мераванд. Дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмон, инчунин сарони давлатҳои Афғонистону Туркманистон иштирок намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста