Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон аз сафари давлатии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Чин (1-5-уми июн) ва иштироки ӯ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (6-7-уми июн) натиҷагирӣ кард.
Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар ҷараёни ин сафар, Тоҷикистон ба сифати грант, кӯмаки техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок аз Чин ҳудуди 1 млрд. доллари ИМА маблағу воситаҳо дастрас мекунад.
Тибқи яке аз чунин мувофиқаҳо дар муддати кутоҳ дар ноҳияи Шаҳритус бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 3 миллион тонна сементи баландсифати навъи 620 бунёд меёбад, ки дар он беш аз 5 ҳазор кас соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд. Навбати аввали он баъд аз як сол бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд ба кор дароварда шавад.
Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар муҳлати як соли оянда ба анҷом расонда мешавад ва сармоягузории зиёд ба соҳаҳои гуногун иқтисодиёти Тоҷикистон равона мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста