Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.
Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи олии ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш мо бистумин солгарди онро ҷашн гирифтем, қаноатманд аст».
Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси ниҳодҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳаллу фасли маҷмӯи калони масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию амниятии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият баланд арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо ба раванди татбиқи пайгиронаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нишонаҳои шиддат гирифтани бӯҳрони озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, проблемаи зиёди экологӣ ва офатҳои табиии харобиовари солҳои охир аз ҷумлаи монеаҳои чунин раванд номида шуданд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки Созмони Милали Муттаҳид дастгирии минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва рафъи монеаҳои зикршуда идома хоҳад дод.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин баъзе масъалаҳои мубрами экологӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.
Дар масъалаи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, Президенти кишвар иброз дошт, ки «мо ба ҳарчӣ зудтар баромадани ин сарзамини азияткашида аз ҳолати низоъ сидқан манфиатдорем ва ҷаҳду талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дастгирӣ менамоем».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста