Санаи 26-уми июн дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бахшида ба Рӯзи ваҳдатии миллии тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон – 15 соли созиш ва ваҳдат» як конфронси байнулмилалии илмиву назариявӣ доир мегардад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, конфронси мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус ва дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи улуми Ҷумҳурии Белорус созмон дода мешавад.
Ба кори конфронс раиси Президиуми Академияи улуми Белорус Анатолий Русетский ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов суханронӣ мекунад.
Дар суханронии худ сафири Тоҷикистон дар бораи марҳилаҳои расидан ба сулҳу созиш, аҳамияти таҷрибаи тоҷикон дар муттаҳидсозии миллат, нақши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати миллат ва ҳалли низоъ, мушкилоту дастовардҳои кишвар ва дигар мавзӯъҳо маълумот хоҳад дод.
Дар барномаи чорабинӣ ҳамчунин суханронии намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Белорус низ дар назар аст.
Зикр мегардад, ки тамоми маводи конфронс дар шакли китобчаи алоҳида ба чоп мерасад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста