Ҳукуматдорони маҳаллии ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ монеа эҷод месозанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳайит хабар дод.
Ӯ мегӯяд, як чорабинии бахшиҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир, ки ахири ҳафтаи гузашта бояд баргузор мешуд, ба иллати аз ҷониби ҳукуматдорони ноҳия иҷозат надодани баргузории он дар Хонаи фарҳанг, доир нагардидааст.
Ҳукуматдорони маҳаллӣ ин қарори худро чунин шарҳ додаанд, ки биноҳои мутаалиқ ба давлат наметавонанд аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ барои доир кардани чорабиниву аксияҳо истифода шаванд.
«Масъулони бахши ҳизб дар ин ноҳия мегуянд, ки монеаэҷодкунии мақомоти маҳаллӣ маҳз як соат пеш аз ифтитоҳи ҷашн сурат гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфти масъулони ҳизб, ин ҳизб расиди бонкӣ (квитансия) барои иҷорапулии хонаи фарҳангиро пардохт карда, саҳнаро бо овезаҳо ва шиорҳо ба муносибати Оштии миллӣ оро дода буданд. Ғайр аз ин, баргузории чорабинӣ бо раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов низ мувофиқа шуда буд», - гуфт муовини раиси ҲНИТ.
Ба қавли Маҳмадалии Ҳайит, дар ноҳияи Данғара низ ба ҲНИТ ҷиҳати баргузории чорабинӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ иҷозат надодаанд.
«Ин дафъа баҳона он буд, ки бахши ҳизб дар ноҳияи Данғара дар мақомоти андоз ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта нашудааст», - зикр кард муовини раиси ҳизб.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
набичон1 июл, 2012 21:30
аз мунофикин чуз ин интизори нест