Тасмими ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар бораи хориҷ шудан аз Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) як навъ усулест барои ҷалби кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) ҷиҳати истифодаи қаламрави Ӯзбекистон аз ҷониби онҳо зимни хориҷ шудани нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон дар соли 2014 аст, - мегӯяд раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи оёнии парлумони ҷумҳурӣ Амирқул Азимов.
Ба андешаи вакили парлумон, бо чунин тасмим Ӯзбекистон ният дорад, ки барои пешниҳоди қаламрави кишвараш ҷиҳати хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон манфиати бештару маблағи кофӣ ба даст орад.
«Ғайр аз ин, Ӯзбекистон ният дорад, ки ба таври ройгон ба миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ва техникае, ки НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ гузоштанист, соҳиб шавад. Узвият ба СААД ба ин андешаи ҳукуматдорони Ӯзбекистон мувофиқ нест», - гуфт ӯ.
Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, ки дер ё зуд Ӯзбекистон боз хоҳиши узвият ба СААД-ро изҳор хоҳад кард, зеро пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон, вазъ дар минтақа метавонад ба муддати зиёд муташанниҷ гардад ва он замон узвият дар созмонҳое чун СААД кафолати амнияту суботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста