Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон силсилсафарҳо ба Русия ҷиҳати вохӯрӣ бо муҳоҷиронро идома медиҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, субҳи имрӯз роҳбарони бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Парвиз Шодиев ва Умринисо Казакова барои баргузор намудани вохӯриҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳавзаҳои Марказӣ ва Приволже ба Русия сафар карданд.
«Ҳадаф аз сафарҳои намояндагони ҲХДТ ба Русия шиносии наздик бо мушкилоти муҳоҷирони корӣ, таблиғи афкору мақсадҳои ҳизб миёни онҳо ва ҷалби муҳоҷирон ба сафи ҳизб аст», - гуфт У.Солеҳ.
То ахири соли равон ҲХДТ ният дорад, ки барои баргузории корҳои таблиғотӣ миёни муҳоҷирон боз якчанд ҳайатҳоро ба Русия сафарбар намояд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста