Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришнаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соманахалли Малайя Кришна даъватномаи президент ва сарвазири Ҳиндустонро ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба ин кишвар тақдим намуд. Тавре зикр гардид, сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон, ки дар моҳи сентябри соли равон дар нақша аст, таконбахши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар хоҳад буд.
Зимни суҳбат масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амниятию низомӣ ва фарҳангию маърифатии ду кишвар баррасӣ гардид. Аз натиҷаҳои 20 соли муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муддат 35 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, заминаи хуби ҳамкорӣ муҳайё гардидааст. Бо иштироки сармояи Ҳиндустон ҳоло дар Тоҷикистон 5 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва нерӯгоҳи Варзоб-1 навсозӣ мешавад.
Бо зикри натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ, ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз хеле зиёданд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва доир ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавассути қаламрави ин кишвар сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста