Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки таҳти сарварии узви Палатаи намояндагон Дэн Бэртон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, гуфтугӯи муфассали судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико сурат гирифт.
Дэн Бэртон Тоҷикистонро «кишвари бисёр муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ «намоён» арзёбӣ намуд. Ӯ ташрифи чунин ҳайати баландпояи Конгрессро, ки бори нахуст сурат мегирад, «нишонаи ҳавасмандии амиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» маънидод карда, изҳор дошт, ки «минбаъд чунин робитаҳо ва ҳам ҳамкории мутақобилан судманд рушд хоҳад кард».
Таъкид гардид, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба нерӯҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, онро аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд.
Вакилони Конгресси Амрико, аз ҷумла изҳор доштанд, ки кишвари онҳо аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад.
Суҳбати ҳавасмандона, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути эҳёи Шоҳроҳи Абрешим сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста