Ҳафтаи гузашта як гурӯҳи вакилони тоҷик дар ҳайати Сайфулло Гиёев, Насрулло Маҳмудов, Баракатулло Атохоҷа ва Абдузафар Имомов дар вохӯрии вакилони парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки дар қароргоҳи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо ташаббуси Шуъбаи дипломатияи ҷамъиятии НАТО созмон дода шуд, ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати ҶТ дар Белгия хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин вохӯри таҳти унвони «Шарикии ояндаи НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Зимни суханронӣ вакил Сайфулло Гиёев таъкид кард, ки Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро роҳандозӣ намуда, бо тамоми давлатҳову созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.
«Ҳамкории мо бо НАТО дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир қадами муҳиму ҷиддист. Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳалли ин ду масъала ба ҳам марбут аст, зеро маҳз қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории созмонҳои террористӣ аст», - зикр кард Гиёев.
Вакил таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти ҷойдошта дар Афғонистон ҷалб намуда, изҳор кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала борҳо дар суханрониҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. «Мушкилоти Афғонистон натанҳо бо роҳи низомӣ, балки бояд тавассути эҳёи иқтисоду фарҳанг ва зерсохтори ин кишвар сурат гирад. Таҷрибаи ҳалли низоъи дохилии тоҷикон метавонист барои ҳалли мушкилоти дохилии Афғонистон ҳамчун модели амалӣ хизмат намояд», - гуфтааст вакил.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста