Чанде қабл дар ҳошияи «Конфронси Токио оид ба Афғонистон» мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомидин Зоҳидов бо Муовини аввали ёвари Дабири давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Ҷеффри Пятт баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, равандҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, барқарорсозии Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ, масъалаи ҳуқуқи инсон ва озодии дин ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар Токио Низомидин Зоҳидов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва ҷаноби Эвалдас Игнатавичюс мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, идоракунии сарҳад, рушди иқтисод дар Афғонистон аз тариқи амалӣ сохтани лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ муҳокима гардиданд. Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ паёми Вазири корҳои хориҷии Литва ба унвони Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ оид ба даъват барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ «Афғонистон ва минтақа: фаъолияти амалӣ барои рушди устувор», ки 14 сентябри соли 2012 дар ш.Вилнюс дар назар аст, супорида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста