Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳидин Кабирӣ зимни сафараш дар Русия бо намояндагони муҳоҷирон тоҷик ва донишҷӯёни тоҷик дар маркази ҷамъиятии «Собрание»-и шаҳри Маскав мулоқот кард.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар ин вохурӣ Абдуллоҳ Давлатов - раиси Иттиҳодияи тоҷикони муқими Русия, намояндаҳои муҳоҷирин аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Перм, Волгоград ва вилоятҳои Маскав ва донишҷуёну муҳоҷирони кории тоҷик ширкат варзиданд.
Муҳиддин Кабирӣ барномаи Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳодияи тоҷикони Русия, ҷиҳати таъсиси марказҳои омузишӣ барои маърифатнок намудани муҳоҷирони тоҷик ва омӯзонидани забони русиро фоли нек ҳисобида, гуфт: «Агар ин иттиҳодия ба мо такя кунад, мо аз Тоҷикистон биноро меёбем. Аммо беҳтар он аст, ки Иттиҳодияи тоҷикон ин иқдомро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар анҷом диҳад. Ба ҳар сурат, мо омодаи кумак ҳастем».
Ҳамчунин ҷаноби Кабирӣ аз фаъолони тоҷик дар Русия даъват кард, ки марказҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар коҳиш додани мушкилоти муҳоҷирон кумак мекунанд, таъсис диҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста