Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, вазири маориф Нуриддин Саидов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва таъкид дошт, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.
Дар ин росто ба нақши мақомоти олии қонунбарори ду кишвар дар таҳким ва рушди муносиботи барои ҳарду ҷониб судбахш баҳои баланд дода шуд.
Имрӯз дар Боку гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар сатҳи олӣ баргузор мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Душанбе хабар доданд, дар ин сафар аз имзои Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ, Протоколи ҳамкори миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, Созишномаҳо дар бора ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Боку ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон интизорӣ меравад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 18 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Муомилоти молии дуҷониба 100% танҳо тавассути воридот сурат мегирад. Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста