Дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҳизб дар вилояти Суғд баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, дар кори конфронс дар барбари ҳайатҳои бахшҳои ҳизбии тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҳамчунин мақомоти раҳбарии вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ ширкат варзиданд.
«Дар конфронс аз фаъолияти дунимсолаи бахши ҳизб дар вилоят натиҷагирӣшуда, он қаноатманд арзёбӣ гардид. Даврон Зоҳидов барои муҳлати дигар ба вазифаи раиси бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд», - зикр кард У.Солеҳ.
Ба гуфтаи номбурда дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ таҳти раёсати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифов ба ин монанд конфронси ҳисоботӣ-интихоботии бахши ҳизб дар вилояти Хатлон доир гардид.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 178 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста