Ахири ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба муносибати қабули нусхаи эътимоднома сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз қабули эътимоднома Ҳамрохон Зарифӣ сафири навро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мансаб табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбӣ орзу кард.
Дар мулоқот масоили густариши муносибатҳо дар бахши ҷалби сармоягузорӣ, масоили марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуданд. Пешниҳод шуд, ки масъалаи имконоти роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо ва парвозҳои минбаъда ба дигар кишварҳои минтақаи Осиё баррасӣ шавад.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамкории муштараки ҷонибҳо дар дастгигирии нерӯҳои байнулмилалӣ оид ба мусоидат ба амният (ISAF) дар ин кишвар баррасӣ гардид. Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили марбут ба сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе табодули афкор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста