Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Русия Владимир Чиркин дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон пазируфтани варианти русиягии ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро бепоя хонд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо чанде қабл вазири корҳои Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон шарҳ дода, он бетағйир боқӣ мемонад.
Чанде қабл дар робита ба ин масъала вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки гуфтушуниди Тоҷикистону Русия оид ба ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пушти дарҳои баста сурат мегирад. Ӯ гуфта буд, айни замон гуфтушунидҳо идома доранд ва аз ифшои маблағи дархостнамудаи Тоҷикистон барои будубоши низомиёни Русия худдорӣ варзида буд.
«Ман метавонам бигӯям, ки барои ифшои маълумоти муҳими давлатӣ масъулият пешбинӣ шудааст, вале агар касе худро дошта натавонад, ин мушкили ӯст», - таъкид дошта буд Ҳамрохон Зарифӣ.
Имрӯз расонаҳои хабарии Русия иттилоеро пахш намуданд, ки дар он гуфта мешавад, В.Чиркин ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон варианти русиягии созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвараш пас аз соли 2014-ро маъқул медонад.
«Лоиҳаи созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъдаро дар маҷмӯъ ҷониби Тоҷикистон қобили қабул мешуморад. Бино ба изҳори мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, онҳо ният доранд, ки ба мувофиқасозии байниидоравии он ҳарчи бештар суръат бахшанд», - гуфтааст Чиркин.
Ӯ иброз доштааст, ки дар лоиҳаи созишнома боқӣ гузоштани тартиботи пешинаи ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон ба таври ройгон пешниҳод шудааст.
«Ҷараёни гуфтушунид босуръат идома дорад. Тамоми муқаррароти созишномаи нав аз ҷониби мо муаррифӣ шуд. Фикр мекунам, ояндаи наздик мо ба натоиҷе хоҳем расид, ки ба ҳарду тараф қобили қабул хоҳанд буд», - афзудааст генерали рус.
В.Чиркин хотирнишон сохтааст, ки «Русия Тоҷикистонро бо «аслиҳаи муосир ва техникаи махсуси низомӣ таъмин мекунад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста