Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, вазири молияи Туркманистон Давлаткелдӣ Содиқовро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар соли 2011 ҳамагӣ ба 194 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст, ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ ҷавобгӯ нест.
Аз ин хотир изҳори боварӣ карда шуд, ки кори комиссияи муштарак ва сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшанд.
Интизор меравад, ки зимни ин сафар дар Туркманистон мииёни ду кишвар як зумра санадҳои нави муҳим доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистони ҳамсоя гуфтугӯ сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста