Раиси амалкунандаи САҲА, муовини нахуствазири Ирландия ва вазири корҳои хориҷиву тиҷорат Эймон Гилмор аз задухӯрдҳои низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҳалокати 42 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тан боис гардиданд, изҳори нигаронӣ намуд.
Дар изҳороти интишоркардаи САҲА гуфта мешавад, «ин хурӯҷи хушунату зӯроварӣ, ки ҳалокати даҳҳо танро бар ҷой гузошт, боиси нигаронии амиқ аст». «Ман аз чунин вазъ хеле мутаассиф буда, бахусус аз иттилои ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта нигаронӣ дорам ва аз ҷонибҳо даъват мекунам, ки таҳаммулпазир бошанд», - изҳор доштааст Эймон Гилмор.
Раиси амалкунандаи САҲА ҳамчунин нисбат ба вазъи будубоши кормандони созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар минтақаи мазкур фаъолият доранд, низ изҳори ташвиш намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста