Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар робита бо хушунати ба наздикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон суратгирифта ва талафоти ҷонии гузориш додашуда хеле нигарон аст, - гуфта мешавад дар изҳороти интишоргардидаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
«Мо дар робита бо ба ҳалокат расидани одамон ҳамдардии худро изҳор намуда аз амнияти сокинони осоишта ҳангоми гузаронидани амалиётҳои роҳбарияти Тоҷикистон нигаронем. Мо даъват ба амал меоварем, то ҳамаи тадбирҳо барои баровардани сокинони осоишта аз минтақаҳои ҷангӣ, аз он ҷумла шаҳрвандони хориҷие, ки айни ҳол дар шаҳри Хоруғ маҳкам шудаанд, андешида шаванд», - зикр мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин дар изҳорот аз Тоҷикистон даъват мешавад, то ҳамеша ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз он ҷумла озодии сухан ва ҷараёни озоди иттилоотро эҳтиром намояд. «Мо аз Тоҷикистон даъвати қатъӣ ба амал меоварем, ки ӯҳдадориҳои байналмиллалии худро тавассути гузаронидани тафтишоти шаффофи ҳодисаҳое, ки дар сарҳад ба вуқӯъ пайвастаанд иҷро намояд, ва ҳуқуқи ҳар як боздоштшударо, аз он ҷумла дастрасии онҳоро ба ҳимояи ҳуқуқӣ, муносибати башардӯстона, ва додрасии боадолат кафолат диҳад», - омадааст дар фарҷоми изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста