Рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хоруғ роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоеви 32-сола кушта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИт хабар доданд, онҳо то ҳол дар бораи марги роҳбари бахш дар ВМКБ маълумоти дақиқ дар даст надошта, танҳо аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ аз он огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар ҳамин ҳол, дар қароргоҳи ҳизб гуфтанд, аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ ӯ дигар бо онҳо дар тамос нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Youtube як наворе аз гирдиҳамойии Хоруғ гузошта шудааст, ки як рӯз қабл аз оғози амалиёти низомӣ баргузор шудааст ва дар он аён аст, ки яке аз суханронҳо Сабзалӣ Мамадризоев аст.
Сабзалӣ Мамадризоев аз моҳи июли соли 2011 ба бахши ҲНИТ дар ВМКБ роҳбарӣ мекард. То ин замон бахши ҲНИТ дар ВМКБ муддати як соли ахир пас аз марги нобаҳангоми собиқ раиси бахш Сироҷ Калонов бидуни роҳбар фаъолият дошт. Тамоми ин муддат ҲНИТ дар ҷустуҷӯйи номзади арзанда ба ин мансаб буд. Тибқи маълумот, ба аввали соли 2012 ба сафи ҲНИТ 3 ҳазор нафар сокинони ВМКБ шомиланд.
Акс аз навори видеоӣ дар интернет.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста