Иттиҳоди Аврупо рӯйдодҳои ҷадид ва гузоришҳо оиди қурбониҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суратгирифта изҳори нигаронӣ менамояд, - зикр мегардад дар изҳори интишорнамудаи Иттиҳоди Аврупо.
«Мо умедворем, ки зиддияти мусаллаҳ бино ба рӯй надодани талафотҳои минбаъда ҳар чӣ зудтар қатъ мегардад. Мо аз мақомотҳои ҳокимият ба барқарорсозии воситаҳои алоқа, таъмини бехатарӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид барои расондани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ғайринизомӣ, ва инчунин ташкил сохтани гузаргоҳ барои хоҳишмандони тарки доираи амалиёти ҳарбӣ даъват менамоем», - омадааст дар изҳорот.
Дар изҳорот зикр мегардад, Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ инчунин ҷиҳати оқибатҳои эҳтимолии рӯйдодҳои мазкур менамояд, ва аз тарафайни муҳориб дархост мекунад, ки то зоҳири худдорӣ намоянд ва инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, то бо максади таъминкунии устуворӣ дар минтақа нақшаи амалиёт ва чорабиниҳои мувофиқ ва мутаносибро андешад.
Мо ҳамчунин зарурати риояи озодии ақида ва андеша, ва ҳуқуқи дастрасии иттилоот ба мардум таъкид менамоем. Ба назардошти ин, Иттиҳоди Аврупо ба нигаронии Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум дар изҳороти матбуотии 24 июли соли 2012 дар бораи муҳосираи муваққатии сомонаи Агентии хабарии Азия-плюс дар Тоҷикистон ҳамфикр мебошад. Мо бори дигар назари дар изҳороти 8 марти соли 2012 овозкардаи худ дар ҷавоб ба муҳосираи як қатор сомонаҳои дигар аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти Тоҷикистон таъкид менамоем. Бо назари Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум оиди новобаста ба қонунияти масоили бехатарӣ бояд барои маҳдуд намудани чараёни иттилоъ асос набошанд, розигии комили хешро изҳор менамоем.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста