Фронти халқӣ танҳо дар сурати дархости ҳукумат ва мубориза бо таҷовузи хориҷӣ ба кишвар метавонад бори дигар силоҳ ба даст бигирад, - гуфт собиқ роҳбари қисми низомии тиббии Фронти халқии Тоҷикистон Қувваталӣ Муродов дар шарҳи изҳороти интишоршуда роҷеъ ба силоҳ ба даст гирифтани Фронти халқӣ дар робита ба вазъи Хоруғ.
«Мо кайҳо силоҳро ба замин гузошта, ба меҳнати созанда машғулем, вале вазъи муташанниҷ ва ҳангомаҳое, ки аз ҷониби нерӯҳои манфиатдору иғвоҷӯй барпо мешаванд, мутассифона, маҷбур месозанд, ки дар бораи хатари такрори ҳодисаҳои он солҳои мудҳиш андеша ронӣ. Дар ин ҳолат, мо ҳамеша ба ҳифзи сохти конститутсионӣ, тамомияти арз, якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон омодаем», - гуфта мешавад дар изҳороти пахшшуда аз номи Фронти халқӣ.
Ба эътиқоди ҳамсуҳбат, намояндагони собиқ Фронти халқӣ ба изҳороти имрӯз интишоргардида ҳеҷ муносибате надоранд.
«Ин ҳама ҳамватанонамон мебошанд. Мо ба дахолат кардан танҳо дар сурати таҷовузи нерӯи беруна ба кишвар омодаем. Вобаста ба вазъи Хоруғ бошад, ин ғайриимкон аст ва мо барои ин силоҳ ба даст гирифтанӣ нестем», - қотеъона изҳор дошт Қ.Муродов.
Қобили зикр аст, ки як қисмате аз ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғро аъзои собкиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ташкил медиҳанд, ки муқобили Фронти халқӣ ҷангида буданд. Фронти халқии Тоҷикистон президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат оварда, соли 1993 пароканда гардида буд.
Моҳи майи соли равон собиқ пешвоёни Фронти халқӣ дар бораи эҳёи Фронти халқӣ бидуни силоҳ иттилоъ доданд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки Фронти халқӣ ният дорад ба маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 2013 номзади ягонаро пешбарӣ намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста