Модарон ва бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳорот қабул намуданд.
Дар изҳорот аз номи модарону хоҳарони ВМКБ барои ҳалли сулҳомези қазия дар шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор шудааст.
«Мавриди зикр аст, ки бонувони Бадахшон нияти авфи умумӣ барои кулли иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар Хоруғро дар моҳи шарифи Рамазон яке аз иқдомҳои наҷибонаи роҳбарияти давлат мешуморанд ва ин иқдом аз тарафи кулли нерӯҳои сулҳхоҳ ва солимфикри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгирӣ карда мешавад», - омадааст дар изҳорот.
Дар изҳорот боварии комил изҳор мегардад, ки афви умумии иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ эътимоди аҳолии маҳаллиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд зиёд намуда, яке аз пойгоҳҳои сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.
«Бонувони Бадахшон дар ҳалли минбаъдаи қазия ёрии амалии худро дареғ намедоранд ва умедвори он мебошанд, ки ҷонибҳо бо роҳи гузашткунӣ ва авфи умумӣ амнияти тарафайн ва аҳолии маҳаллиро таъмин менамоянд», - зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста