Аз 4 то 6-уми август як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳаит бо мақсади шиносоии наздик аз вазъи сиёсиву иҷтимоии ВМКБ, баргузор намудани як силсила вохӯриҳо бо аъзои ҲНИТ ва намояндагони ҳукумат аз шаҳри Хоруғ боздид намуд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳаит изҳор кард, ки дар ҷараёни сафар ҳайат ба бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ташриф овард. «Дафтари кории ҲНИТ дар ВМКБ аз макони баргузории марҳилаи фаъоли амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар масофаи дур воқеъ аст, вале бо сабабҳои алҳол барои мо номаълум, он зери оташфишонӣ қарор гирифтааст», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар бинои РВКД Тоҷикистон дар ВМКБ ҳайати ҳизб бо намояндаи ВКД-и ҷумҳурӣ генерал-майор Давлатназар Булбулшоев мулоқот ороста, дар он масоили ҳамкориҳои ҷонибҳо баҳри расидан ба сулҳу созиш дар ҷомеа баррасӣ шудаанд.
«Мо ҳамчунин манзили зисти раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоевро зиёрат намуда, ба аҳли оила ва наздикони ӯ арзи тасаллият баён намудем», - гуфт М.Ҳаит.
Муовини раиси ҲНИТ иброз дошт, ки дар Хоруғ ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар ВМКБ доир гардида, дар он Муслима Бороимшоева иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ҲНИТ дар вилоят таъин карда шудааст.
«Мо аз аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ дар ВМКБ даъват ба амал овардем, ки ба сохторҳои ҳукумат дар кори таъмини субот дар вилоят мусоидат намоянд», - афзуд номбурда.
Акс аз хабаргузории Би-Би-Сӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста