Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон бо суроғаи «president.tj», ки аз соли 2005 ба ин сӯ фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонӣ пешкаш шуд .
Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, сомонаи нави «president.tj» бо ҷалби беҳтарин барномасозони ватанӣ таҳия шуда, аз шакли пешинаи худ бо тарҳу намои зебою замонавӣ, навтарин барномаҳои сомонасозӣ, имкони ҷустуҷӯ ва зуд дарёфт кардани маводи зарурӣ бо тариқи автоматӣ ва дигар имконоти муосир фарқ мекунад.
Тамоми мавод бо фаврияти баланд бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сомона ҷойгир карда мешавад.
Барои осон ва содда намудани дарёфти маводи зарурӣ сомонаи нави интернетии президенти Тоҷикистон ба бахшҳои гуногун, аз ҷумла Хабарҳо, Вохӯриҳо, Суханрониҳо, Сафарҳои дохилӣ, Сафарҳои хориҷӣ, Фармонҳо, Паёмҳо, Барқияҳо, Сӯҳбатҳои телефонӣ, Аксҳо, Истиқлолият, Конститутсия, Савганд, Ваҳдати миллӣ, Паём, Мулоқот бо зиёиён, Наврӯз, Иди модарон, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва ғайра гурӯҳбандӣ шудааст. Ҷустӯҷӯи амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумат аз рӯйи сана ё рақам роҳандозӣ мешавад.
Дар муқоиса бо сомонаи пешина дар тарҳи нав гӯшаи «Нома ба президент» ҷой дода шудааст, ки аз бахшҳои муҳими сомонаи нав буда, робитаи бевосита ва мустақими корбарони шабакаи Интернет бо сарвари давлатро таъмин менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста