Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ ба муносибати таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлол барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ дошта, ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ ба ҳамкориҳои судманди гуногунарса рушду густариш бахшида, сатҳи он ба зинаҳои баландтар бардошта шавад.
«Тоҷикистон мисли пешина, мӯътақид бар он аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онон, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ мекунад, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста